(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТаҳти ин унвон дар МТМУ 20-и шаҳри Хуҷанд чорабинии умумимуассисавӣ бахшида ба амалишавии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Нахуст чорабиниро хонандагон бо сароидани суруди Ватан ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, аз тарафи муҳассилини муассиса иқтибосҳо аз Паёми Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи калидии ҷомеа дахл дошт, баён карда шуд.

Таъкид гардид, ки омили асосии пешрафти ҳар ҷомеа дар ҳама давру замон соҳаи илму маориф ба шумор меравад. Миллати бомаърифат ҳамеша хостори рушду болидагии ватанаш буда, дар ин зимн насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар Паёми имсола низ мушоҳида гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамзамон робита ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аҳамияти фанҳои химия, биология, физика, география, технологияи иттилоотӣ, математика ва табиатшиносӣ ба хонандагон маьлумот муфассал дода шуд.

Аҳамият ва рӯзмарра будани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро ба толибилмон бо истифода аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҷараёни чорабинӣ, аъзои маҳфилҳои ҳунармандӣ маҳсули эҷоди хеш дар риштаҳои мухталиф, аз қабили дӯзандагӣ, гулдузй, мӯҳрадӯзиро ба маърази тамошо гузошта, кадбонуҳои моҳири оянда маҳорати худро ҷиҳати омода намудани хӯрокҳои миллии тоҷикона намоиш доданд.

Дар ин рӯз аз тарафи хонандагон ҳамзамон омодагии онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ-китоб аст" пешниҳод гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд, мушовири шуьбаи маорифи шаҳр, раиси махаллаи Чорчароғ, маъмурияти муассиса ва омӯзгорону хонандагон ширкат доштанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд