(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt«Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрўз беш аз 100 мулоқот миёни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 апрел дар мулоқот бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара изҳор доштанд.

Сарвари давлатро дар сафари корӣ ба Исфара гурӯҳи кормандони ВАО, ки ба он хабарнигорони АМИТ «Ховар» низ шомиланд, ҳамроҳӣ доранд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин суханронӣ аз раванди гуфтушинидҳо бо кишвари ҳамсоя оид ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карда, тазаккур доданд, ки масъалаи асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. «Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрўз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад», — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон зикр намуданд, ки дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон, аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид.

Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем.

«Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанўз сурат нагирифтааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад. Як нуктаи муҳими дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба зикри Пешвои миллат, таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хати сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёд тақозо менамояд.

«Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд.Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳарду тараф мебошад. Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дўстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, ором бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал мешаванд. Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад», — тазаккур доданд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадеҳоти Ворухи шаҳри Исфара ташриф оварда, якчанд иншоот, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣбарафрохтанд, ки рамзи гӯшаи ҷудонопазири Тоҷикистон будани Ворухро бозгӯ мекунад.Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, Ворух ҳеҷгоҳ мавриди масъалагузории иваз кардан бо ҳудуде набуд ва нахоҳад буд.