(5 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt

Дӯстони азиз!
Ҳамасола 8 июл дар саросари кишварамон ҳамчун Рӯзи маъюбон қайд карда мешавад. Таҷлили ин сана далели эътибори махсуси Ҳукумати мамлакат ва Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳоест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рӯҳафтода намешаванд ва ҳамеша сарбаланданд. Мо ҳамеша шукронаи Истиқлолият, Ваҳдат мекунем, ки мардуми хушиқболу некбахти кишварамон дар фазои орому осуда зиндагӣ карда, бо меҳнати созандаю бунёдкорона сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Маъюбони шаҳри Хуҷанд бо дастгирии моддию маънавӣ фаро гирифта шуда, ҳамеша таҳти назари мақомоти иҷроияи шаҳр қарор доранд.

Аёдати пирону барҷомондагон, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои шаҳидони ҷанг, ятимону ашхоси яккаву танҳо ва бесаробон, кӯмакрасонӣ ба онҳо бахусус дар иду айём, ҳамчунин парастории Хонаи пиронсолон, муассисаҳои таълимию томактабии бачаҳои маъюб аз ҳадафҳои асосии Ҳукумату давлат маҳсуб мешавад.
Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ашхоси ниёзманд, бахусус пиронсолону маъюбон дарди рӯзгорро ҳарчӣ камтар эҳсос кунанд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият бинанд. Сухани эътимодбахшу рӯҳбаландкунандаи сарвари дақиқназари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Ман намегузорам, ки ягон нафари Шумо хору зор шавед» бо маънои томаш ифодаи мақсаду мароми давлату Ҳукумати мамлакат, сиёсати инсонпарваронаи роҳбари дурандеши кишварамон аст.
Хоҳони онам, ки ҳамеша болидарӯҳу шукргузори айёми истиқлол ва солиму бардам бошед!
Шумоён ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат қарор доред азизон!



Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                       Раҷаббой Аҳмадзода