(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст — Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир боз 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Иншоот бо тарҳу усули муосир дар масоҳати умумии 2618 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду бинои чорошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия, Ҳиндустон ва Чин дастрас гардидаанд, насбу васл гардидаанд ва марказ дорои лаборатория ва 30 ҳуҷраи хоби беморон бо 60 кат барои беморон мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои маркази мазкур 22 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи гӯшу гулӯву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷойгир мебошанд.

Маркази ташхисиву табобатии “Тибби Сино” ҳамчунин дорои шуъбаи дилу рагҳо, шуъбаи бемориҳои занона ва даруна, шуъбаи асаб ва шуъбаи ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиёти нозуку мураккаб — ҷарроҳии гирифтани чӯраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.