(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мумфаршкунии кӯчаи ба номи М. Аминзода тариқи ҳашар.Дар шаҳри Хуҷанд ҳамрӯза кӯчаю тангкӯчаҳо бо ҳамдастии сокинони маҳал ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мумфаршкунӣ ба мааром ва вусъати тозаи ҳамарӯза идома дорад.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии кӯчаи ба номи Муҳиддин Аминзодаи маркази вилоят иштирок намуд. Роҳи кӯчаи мазкур наздик як километрро ташкил дода паҳноии он 5 метрро ташкил медиҳад.
Роҳсозони идораи «Суғдроҳ» ният доранд, давоми се рӯз корҳои мумфаршкунии ин кӯчаро пурра ба анҷом расонанд.
Кӯчаи мазкур таи 20 соли охир таъмирталаб буда, зарурати таъмири пурраи он ба миён омада буд. Сокинони кӯчаи мазкур ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро доири тариқи ҳашари якҷоя асфалтпӯш намудани кӯчаю маҳалли худ якдилона дастгирӣ намуда, қисман маблағи лозимаро аз ҳисоби саховатмандон ва ташаббускорон ҷамоварӣ намуданд, Қисми асосии маблағи корҳои мумфаршкуниро аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пардохта мешавад. Пешбинӣ шудаат, ки барои комилан мумфарш намудани ин кӯча зиёда аз яксаду бист ҳазор сомонӣ маблағ масраф мегардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд доири хушсифат ва риояи тамоми талаботҳои роҳсозӣ ба анҷом расондани корҳои ободонӣ таъкид намуд.