(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар дар тарабхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва 18 нафар кадбонуҳои моҳир аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Дар даври вилоятии озмун ду нафар ғолибони даври шаҳрӣ Шаҳноза Зокирова ва Муборак Эргашева аз рўи бахшҳои «Маҳорати омода намудани хўришҳо» ва «Малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ» иштирок намуда, маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Аъзоёни ҳакамон ба ҳунари волои кадбонувони босалиқа баҳои баланд дода, баргузор намудани чунин озмунҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр намуданд, ки ҷавонону наврасони мо аз ҳунармандони беҳтарин нозукиҳои ин ҳунарро омӯзанд ва ба пухтупаз муҳаббат пайдо кунанд. Боиси хушнудист, ки доир намудани чунин озмунҳо барои эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимаи тоҷикон мусоидат менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур муаррифӣ ва эҳёи навъҳои гуногуни хўрокҳои миллӣ мебошад.

Дар натиҷа ғолибони озмун аз ҷониби аъзоёни ҳакамон муайян гардида, дар бахши «Маҳорати омода намудани хўришҳо» ҷойи аввалро кадбону аз шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Зокирова ва дар бахши «Малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ» ҷойи сеюмро кадбону аз шаҳри Хуҷанд Муборак Эргашева соҳиб гардиданд. Ғолибон бо Диплому туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд