(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №12-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти нозири калони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Толиб Ҷўразода ва нозири калони Раёсати мазкур Ҷаҳонгир Шарифзода бо хонандагони синфҳои болоии ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба амалишавии стратегияву барномаҳои давлатӣ марбут алайҳи мубориза бо нашъамандӣ, пешгирии наврасону ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, нашъамандӣ, муқовимат бо терроризм, экстремиз ва омилҳои коррупсионӣ, нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии зўроварӣ дар оила, баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ғайраҳо маълумоти муфассал дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд