(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, бахусус бозии намуди баскетбол, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш санаҳои 21-30 марти соли 2021 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз ва истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи маорифи шаҳр, федератсияи баскетбол ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он зиёда аз 400 нафар писарон ва духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳайати 41 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Марҳилаи аввали мусобиқа дар ду минтақаи соҳили рост ва соҳили чап гузаронида шуда, бозиҳои финалӣ дар толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳр баргузор гардид. Дар натиҷа байни духтарони муассисаҳои таълимӣ сазовори ҷойи 1 дастаи “МТМУ№20”, ҷойи дуюм дастаи “МТМУ №30” ва ҷойи сеюм дастаи “МТМУ №31” гардиданд.

Байни писарон сазовори ҷойи якум дастаи “МТМУ №20”, ҷойи 2 дастаи “МТМУ №9” ва ҷойи 3 насиби МТҒ “Гёте” гардиданд.

Дар Маросими ҷамъбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳр Фирўза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуд. Таъкид намуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунинии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Туфайли дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, шараф ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли моро баланд мебардоранд.

Машғул шудан бо варзиш, бахусус бозии навъи баскетбол ба ҷавонон имконият медиҳад, ки доимо солиму бардам ва руҳану ҷисман қавӣ бошанд, ба сӯи музаффариятҳои навин қадамҳои устувор гузоранд.

Ба ғолибон медал ва туҳфаи таъсиснамудаи Федератсияи баскетболи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд