(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маркази фарҳангу фароғатии маҳаллаи “Таги Сада”-и кумитаи маҳаллаи “Сари баландӣ”, ки чанде қабл бо заҳмати сокинон макони ободу ороста ва хуррам гашта буд, аз Наврўзи байналмилал таҷлил карда шуд.

Хурду калони маҳаллаи “Таги Сада” бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ дастархони идона густурда табъи пиру барноро дар ин иди миллӣ шод гардониданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгаро буда, бо фарорасии он одамон кинаву адоватро аз дилҳо дур меандозанд, ба покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, ба беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа мепардозанд.

Ҷанбаи дигар ин паймони умумиинсонӣ ва умумикайҳонӣ, ки дар доираи суннатҳои Наврӯз зуҳур кардааст, мебошад. Фарҳанги Наврӯз дар назди башарият масъулиятҳои ҷиддиеро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ гузоштааст.

Мову шумо ҳамчун меросбарони ин фарҳанги бузург бояд дар амалӣ сохтани орзуву омоли наврӯзӣ ибтикороти созанда нишон диҳем.

Зикр гардид, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд