(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрўз тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар яке аз маҳаллаҳои куҳани шаҳр-Раззоқ Иди Наврўзи байналмилал мутантан ҷашн гирифта шуд.

Чорабинии наврўзӣ дар чойхонаи «Сари санг»-и маҳалла сурат гирифта, дар он Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд, Наим Маликисломӣ Раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва дигарон иштирок намуда, аҳли маҳалларо бо иди миллии тоҷикон-Наврўз таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд. Нахустин суннати Наврӯз тозагиву озодагист. Мардум аввалан хонаҳои худро аз чангу гарду ғаждиҳо тоза мекунанд. Аз ҳарчи кӯҳнаву фарсудаву шиаставу нолозим аст, худро раҳо месозанд. Аммо тозаву нав кардан танҳо ба хонаву дар ва сару либос дахл надорад. Ин рамзест, ки дар зимни он, пеш аз ҳама, тоза кардани дилу андешаву сиришти инсонҳо дар назар дошта шудааст. Аввалин шарти Наврӯз озодагист, ҳам ба зоҳир ва ҳам ба ботин.

Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Сипас аз ҷониби муҳассилини МТМУ №27-ти шаҳри Хуҷанд ба меҳмонон ва аҳли маҳалла барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд. Устодони санъати шаҳри Хуҷанд бо сурудҳои наврўзӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд