(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)


Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтори кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр ҷаласаи корӣ доир намуд.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев доири рафти корҳои азнавсозӣ меъморӣ ва сохтмонии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ маълумот дод.
Ҳоло дар Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ барои азнавсозӣ ва корҳои таҷдид мавзеро омода намуданд.
Дар баробари фаъолияти боғ дар истироҳатгоҳи мазкур растаи мағозаҳо ва чойхонаи маҳаллаи «Раззоқ» амал мекард. Чойхонаи мазкур мутаалиқ ба соҳибкори инфиродӣ Сулаймон Султонов буда, мувофоиқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд минбаъд он дар чойхонаи дигари маҳалла, ки таи чанд сол боз аз фаъолият бозмонда буд, барои сокинон хизмат хоҳад кард.

Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Ҳамчунин мувофиқи лоиҳа танаи дарахтони буридашуда барои ороиши боғи минбаъда истифода шуда, шохаҳои он бошад ба ихтиёри кӯдакистон мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд дода мешавад.
Раиси шаҳр ҳамчунин доири омодагии муассисаҳои таълимӣ ва қудакистонҳо ба зимистон ва даъвати тирамоҳии ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти саривактии истифодаи қувваи барқ аз ҷониби муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои буҷавӣ, бо об таъмин намудани мазеҳои гулзоршудаи шаҳр ба мутасаддиён дастуру супориш дод.
Дар муаассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд барои зимистонгузаронӣ корҳои омодагӣ идома доранд. Бо ин мақсад дар мактабҳои таҳсилоти умумии №1, 13, 7, 16, 17, 22 ва мактаби хусусии «Файз» корҳои насбу танзими марказҳои гармидиҳӣ идома дорад. Ҳамзамон дар мактабҳои № 19 ва № 5 ин кор дар марҳилаи оғозёбист.
Ба роҳбарони шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ ва заминсозӣ супориш дода шуд, ки нисбати соҳибмулконе, ки давоми се соли охир мавзеи вобасташударо истифода намебаранд, қарори дахлдор бекор карда шуда, сохтмони биноҳои баландошёна зери назорати доимӣ гирифта шавад. Раиси шаҳри Хуҷанд доири таҳкими фаъолияти комиссияи ҷамъиятии тақсимоти замини наздиҳавлигӣ супориши қатъӣ дод. Қайд карда шуд,ки барои таъмини шаффофияти фаъолияти ин комиссия иштироки фаъолонаи аъзоёни комиссияи мазкур дар кори он мувофиқи мақсад аст.
Мувофиқи нақшаи генералӣ дар мавзеи «Сомғор» бунёди шаҳраки «Темурмалик» пешбинӣ шудааст. Холо барои тасдиқи лоиҳаи ин шаҳрак корҳои лоиҳакашӣ ва меъморӣ дар марҳилаи анҷомёбист. Супориш дода шуд, ки меъморону шаҳрсозон дар таҳияи лоиҳаи мазкур тамоми талаботи шаҳрсозӣ ва меъмориро ба назар гиранд.
Ҳоло аз ҷониби сокинони маркази вилоят барномаи роҳхои обод мувофиқи нақшаи таҳиянамуда, тадбиқи ҳамаҷониба ёфтааст. Раҷаббой Аҳмадзода барои идомаю вусъат бахшидан корҳои асфалхобонӣ дар маҳаллаҳо ба раисони кумитаҳои маҳаллаҳо дастур дод то онҳо бо сокинону фаъолони маҳаллаашон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Ба муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов супориш дода шуд, ки барои амалгардонии лоиҳаҳои инвеститсионӣ бояд кормандони масъули шуъбаи сармоягузорӣ марҳилаҳои пешниҳод ва амалишавии онҳоро зери назорат гиранд.
«Дар баробари афзоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолити Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ягон сохтор ва шахси мутасаддӣ монеа набояд эҷод намоянд» - қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.