(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯзҳо дар шаҳри бостонии Хуҷанд маъракаи густурдаи ободонӣ дар авҷ буда, шаҳрдорӣ, идораву ташкилот, маҳаллаҳо ва шаҳрвандони касбу кори гуногун бо ҳисси баланди зебоипарастӣ ҷойи кор, макони зист ва кӯчаву хиёбонҳоро хуррам гардонида истодаанд. Зеро ҳамагон медонанд, ки анҷом додани корҳои ободонӣ ба манфиати умум буда, зиндагии эшонро рангину шоиста мегардонад.

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар шоҳроҳи даромадгоҳи шарқии шаҳр беш аз 60 бех дарахтони нодири шашметраи Магнолия шинонида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини ободонӣ ҷиҳати идомаи чунин корҳои сабзкорӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба нигоҳубини гулу дарахтон дастуру супоришҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдом дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонии гирду атрофи шаҳр дар рўзҳои таҷлили Наврўзӣ байналмилал ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд