(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар гузари Қӯшҳавзи кумитаи маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва файзу фаровонӣ аз Наврӯзи байналмилал ҷашн гирифта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо аҳли зиё ва пирони рўзгор аз меҳмонони фахрии аҳли маҳалла буданд.

Меҳмонон нахуст аз растаи ҳунармандон, бозиҳои наврӯзии наврасон ва намоиши аҳли адабу фарҳанг, ки бо оростани хаймаҳо ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда буданд, боздид карда, бо намояндагони онҳо суҳбати озоду самимӣ намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳфил ширкат варзида аҳли гузари Қўшҳавзи маҳаллаи Ҷаббор Расуловро бо ҷашни Наврӯзи Аҷам таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Наврўз бузургтарин ҷашни миллии мардуми тоҷик буда, ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иди мубораки миллиамон шукӯҳу шаҳомати хоса ва ҳусну таровати нав бахшида шуд. Наврўз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст. Наврӯз шояд муҳимтарин ҷашнест, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди дар давоми асрҳо дар сари роҳи он эҷодшуда тамоми зебоиву хубиҳои он ба шарофати гузаштагони фарҳангдӯстамон то замони мо ҳифз шудаанд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф ва нияти эҳёву таҷлили чунин идҳои миллӣ дар навбати аввал боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастоварди истиқлолияти давлатист, баланд бардоштани эҳсоси гарми миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, пос доштани арзишҳои ҷовидонаи милливу фарҳангӣ мебошад.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзишманди ободониву созандагӣ истиқбол хоҳанд гирифт ва барои дар сатҳи аъло баргузор гаштани чорабиниҳои дар пешистода ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпарвар пеш аз ҳама бо иштироки фаъолонаи худ бояд дар амри хайри ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиямон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорад.

Сипас барномаи фарҳангии фарогирии урфу анъанаҳои миллии наврӯзӣ бо иштироки аҳли ҳунари ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд