(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНаврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯза, яъне даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми байналмилалӣ гирифтааст. Яке аз анъанаҳои пурарзиши наврӯзӣ ин аст, ки мардум ҷойи кор, макони зист, ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро тозаву озода мегардонанд, ҳамчунин, ботину зоҳири худро аз кинаву адоват, хушунату бадбинӣ пок месозанд ва ҳамдигарро бо чеҳраи шоду оғӯши кушода қабул мекунанд. Дар шаҳри бостонии Хуҷанд солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, аз ҷумла дар муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар МТМУ №22 вусъати корҳои ободонӣ ба таври назаррас амалӣ карда шуда, дар майдонҳои атрофи муассиса ҳамагуна зироатҳо кишт карда шуданд, ки барои эҳтиёҷоти минбаъдаи муасссиса ба кор бурда мешавад. Чунин иқдомҳои созанда аз фазилатҳои неки Навруз арзёбӣ гардида, баракоту файзи фаровон меорад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд