(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ва ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба каратэ - до байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Мусобиқа дар якҷоягӣ бо Федератсияи "Каратэ - до" вилояти Суғд доир гардида, дар он зиёда аз 250 нафар варзишгарон аз ҷумла 50 нафар духтарон ширкат доштанд. Мусобиқа дар "Қасри варзиш" - и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар он варзишгарон дар ҳайати дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Конибодом ва Истиқлол байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамбастӣ Зубайдулло Маҳмадуллозода сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби омма, алалхусу наврасону ҷавонон ва духтарон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани дӯстии варзишгарон, баланд бардоштани маҳорат ва малака мебошад. Дар охир ғолибон ва ҷоизадорон қадршиносӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд