(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи иқдомҳои созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзҳои таҷлили Наврўзи байналмилал дар хиёбони Исмоили Сомонии маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд қаҳвахонаи оилавии «Ёрон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки қаҳвахонаи оилавии «Ёрон» бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мирзоакбар Ёқубов бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ ташкил гардида, дар як вақт ба 60 нафар мизоҷон хизматрасонӣ карда мешавад. Қаҳвахона аз толори асосӣ ва 8 утоқҳо иборат буда, ошхонаи дорои таҷҳизоти замони муосир мебошад. Дар номгўйи хўрокҳои қаҳвахона пухтани моҳиҳои гуногун, сихкабобҳои навъи аъло ва дигар хўрокҳои серғизо ҷой гирифтааст. Аксари таъомҳо аз маҳсули ҳунари хонаводаи Ёқубовҳо иборат мебошад. Корҳои ободонӣ дар атрофи қаҳвахонаи «Ёрон»-ро бо санъати баланди миллӣ ва муосир анҷом гирифта, барои мизоҷон таваққуфгоҳи нақлиётӣ, гулдонҳои зебо ва барои роҳгузарони нишастгоҳҳо ташкил карда шудааст. Қаҳвахона бо унсурҳои муосир чароғон карда шудааст, ки шабонгоҳ зебогии дигарро ба бар менамояд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ифтитоҳи қаҳвахонаи оилавии «Ёрон» аз ташаббус ва иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мирзоакбар Ёқубов тавсиф намуда, номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи ҳозирин расонд. Таъкид гардид, ки Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд. Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад. Дар Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад.

Фирўза Нуруллозода аз ташкилкунандагони ин қаҳвахона даъват ба амал овард, ки тайёр намудану пешниҳод кардани лазизтарин таомҳои миллӣ бояд маҳаки асосии фаъолияташон бошад, қаҳвахона, ки дар даромадгоҳи шарқии шаҳр аст, муаррифгари урфу одати мардуми Хуҷанди бостонӣ буда, дар оянда мизоҷони бештарро ба худ ҷалб менамояд.

Дар рўзи ифтитоҳи қаҳвахона бахшида ба иди Наврўзи байналмилал барои мизоҷон дастархони идона густурда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд