(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз, дар арафаи Иди Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Аҳмадов ва Сайрам Исоева аёдат карда, ба эшон туҳфаҳои наврўзӣ тақдим карда шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи номаи табрикотӣ ба муносибати Наврўзи байналмилал аз ҷумла афзуд, ки Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерўву илҳоми тоза ато мекунад. Наврўз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ва Сайрам Исоева ёдоварӣ намуда, онро барои ҷавонони имрўз мояи ифтихор ва пайравӣ унвон намуд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоеваро, ки беш наздик 60 сол бо истеъдоду ҳунари волои худ дили ҳазорон тамошобинонро тасхир намудааст.

Баҳриддин Ахмедов муддати тўлоние, ки дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумўи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда гузошт. Маҳз бо заҳмату кўшишҳои Баҳриддин Ахмедов дар ҳайси котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят корҳои омодагию ташкилии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд гузашт.

Баҳриддин Ахмедов чанде қабл барои хизматҳои шоиста дар корҳои илмию эҷодӣ, тарбияи кадр баландихтисос ва фаъолияти бисёрсолаи самаранок бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Баҳриддин Ахмедов ва Сайрам Исоева аз ин таваҷҷўҳу ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро расониданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд