(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДирӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ ва Музаффар Маҳмудзода доир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар мулоқот иброз шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан як рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷомеаи кишвар маҳсуб мегардад. Ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъанаи неке мубаддал гардидааст, ки сол то сол ҳамчун дастурамали тамоми соҳаҳои иҷтимоии кишварамон хидмат мекунад. Он дастур ва роҳнамоест, ки тибқи он ҳамаи соҳаҳои кишвар барои татбиқи амалии фаъолияташон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз ҷониби вакилон қайд шуд, ки дар Паёми имсола низ таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба соҳаи илму маориф, аз ҷумла баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус, азхуднамоии забонҳои хориҷиву омӯзиши амиқи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Илова шуд, ки ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки қадамҳои устувор ба сӯи фардо мегузорад, ба мутахассисони соҳибтаҷриба ниёзи бештаре пайдо мекунад.

Инчунин дар ҷамъомад зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ин иқдом идомаи мантиқии чораҳои марбут ба ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ, ки қаблан аз ҷониби Сарвари давлат ҷорӣ гардида буданд, мебошад. Зеро маҳз чунин иқдомоти пайгирона шароит фароҳам месозад, ки соҳибкорони ҷумҳурӣ бо дили гарм ва меҳнати содиқона дар таҳкими инфрасохтор, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар раванди аз давлати аграрӣ ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузоранд.

Дар интиҳо ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки пайваста омӯзанд ва ҷиҳати амалинамоии дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида кӯшиш ба харҷ диҳанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд