(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори нозироти андози шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандони ин ниҳоди давлатӣ баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохўриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки аз 15-25-уми марти соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардида силсилаи мулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ баромад намуда, нахуст дар бораи арзиш ва дастовардҳои Истиқлолият маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Мо ифтихор дорем, ки дар бисту нуҳ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Бо ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аз ин вартаи нобудшавӣ эмин гардидем.

Гулбаҳор Назирӣ ҳамзамон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки бо вуҷуди таъсири манфии сироятёбии короновирус дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Наим Маликисломӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва сардори нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд Сулҳия Олимзода доир ба мавзуъоти баррасишуда изҳори андешаронӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд