(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба бинои прокуратураи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кормандони ин ниҳоди қудратиро бо Рўзи касбиашон табрику таҳният намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни ироаи номаи табрикотӣ аз ҷумла афзуд, ки прокуратураи шаҳр чун ниҳоди назоратии мақомоти қудратӣ барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Диққати асосии кормандон ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва назорати якхелаи иҷрои қонунҳо, таҳкими волоияти қонун, суботу амнияти кишвар нигаронида шудааст. Имрӯз эътимоди мардум ба прокуратура афзудааст ва ин натиҷаи заҳмати софдилонаи ҷомеаи меҳнатии прокуратураи шаҳр арзёбӣ мегардад.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи кормандони Мақомоти прокуратура изҳор доштаанд, ки «Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст». Ин аст, ки аз оғози ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони прокуратура намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд.

Сипас аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи ба роҳбарият ва якчанд нафар кормандони пешсафи соҳа Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Авазҷон Назарзода, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум аз ин таваҷҷуҳ ва табрикоти шаҳрдор ба муносибати Рўзи кормандони прокуратура изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ баҳри фаъолияти пурсамар ва таҳкими волоияти қонун ҳамкориҳо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд густариш дода мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд