(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр тадбирҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъиноташ гуногун ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба василаи муҳайё намудани мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Субҳи имруз беш аз аз 100 нафар ризокорон дар маҳаллаи Мевағул ҳашарҳои дастҷамъона гузарониданд, ки микроноҳияи 13 ҷилои нав ба худ ба бар намуд.

Корҳои ободонӣ бахусус дар дохили хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-уми шаҳр вусъат гирифта, қадди роҳ, пайраҳаҳо ба низом дароварда шуда, то ба имрўз беш аз 30 адад хонаҳои баландошёнаи ин маҳалла аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост» рангубор карда шуданд.

Дар партави ин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкории шаҳрдорӣ миёни хонаҳои баландошёнаи 17, 37, 38, ва 25-и микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос иборат аз чойхона, дорухона, сехи дӯзандагӣ, нонвойхона, майдончаи бозии футбол, мавзеъи бозии кӯдакона, ҷои истироҳати сокинони биноҳо, танӯрхона ва ошхона бунёд шуда истодааст, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилали 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин ҳама тадбирҳо имкон медиҳад, ки шаҳри бостонии Хуҷанд ба яке бузургтарин шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мубаддал гардида, барои муаррифии бештари табиати нотакрор ва маконҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба сайёҳон заминаи мусоид хоҳад шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд