(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲомиёни волоияти қонун

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандони мақомоти прокуратура ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рўзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, саодати зиндагӣ, рўзгори ободу осуда ва дар адои вазифаи пурмасъулиятатон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориатон дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно мекунам.

Эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки кишвари мо дар ин самт бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст, қабл аз ҳама, ташаккули шохаҳои мустақили ҳокимият ва ниҳодҳои давлатии мутобиқ ба принсипҳои демократии давлатдориро тақозо менамояд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки мо дар даврони истиқлолият тавассути ислоҳоти амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками давлатдории муосири миллиамонро фароҳам овардем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи кормандони Мақомоти прокуратура изҳор доштаанд, ки «Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст». Ин аст, ки аз оғози ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони прокуратура намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд.

Меҳнати пурмасъулияти ин мақомоти пуршараф аз ҷониби давлат ва ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мақомоти прокуратура дорои нерўи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд.»

Бо назардошти нақши муҳими мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Шумо, кормандони мақомоти прокуратураро, бори дигар бо иди касбиатон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар иҷрои рисолати пуршараф барору комёбӣ орзу менамоям ва итминон дорам, ки минбаъд низ фаъолияти худро ба хотири ҳимояи дастовардҳои истиқлолиятт давлатӣ, рушди устувор ва суботу оромии ҷомеа равона месозед.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни ҳуқуқ!