(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби нозирони бахши экологияи милитсия дар қаламрави шаҳр аксия-амалиёти мақсадноки «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар ҷараёни амалиёт зиёда аз 40 адад автомашинаҳои шаҳрвандон нигоҳ дошта, бо истифода аз дастгоҳҳои махсус аз муоинаи экологӣ гузаронида шуданд.

Таъкид шуд, ки ин иқдом бо мақсади кам кардани таъсири зарароварии ихроҷи газҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ ба муҳити атроф роҳандозӣ гардида истодааст. Дар ҷараёни амалиёт аксияи «Ҳавои тоза» ба қонуншиканон ҷиҳати бартараф намудани он дастурҳо ироа гардида, ба якчанд нафари онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки ба шаҳрвандон ҳавои софу беғубор ва тозаи муҳити атроф таъмин гардад. Худи ронандагон аз ин иқдом истиқболи гарм намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шаҳри Хуҷанд- маркази маъмурии вилояти Суғд, бо иқдомҳои пайвастаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат зебову пуртароват гардидааст.

Имрӯзҳо шумораи зиёди дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгашт ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд шинонида шуда, парвариш ёфта истодаанд, ки ба ҳусни зебои шаҳр таровати дигар зам менамоянд.

Шаҳри Хуҷанд бо сарсабзу хуррам, дилороӣ, дарёи номдори Сир яке аз шаҳрҳои зеботарини олам эътироф шуда онро чун “Тирози ҷаҳон” низ ном мебаранд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки шаҳри Хуҷанд бо иқдомҳои ободкоронаи шаҳрдорӣ ва ташаббусҳои созандаи сокинон боз ҳам ободу зебо ва ба яке аз шаҳрҳои аз нигоҳи экологӣ тозаву беғубор мубаддал хоҳад гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд