(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба номи ак. М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳфили Мавлавихонӣ баргузор гардид. Дар маҳфил ҷонишини директор оид ба илм ва инноватсия У. Ахмедов., ҷонишини директор оид ба тарбия Г. Довудов., сардори шуъбаи тарбия М. Темирова, мудири китобхона М. Бобоева, омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 1 ва 2 иштирок намуданд.

Сараввал маҳфилро омӯзгори калони кафедра Ш. Файзиева ифтитоҳ бахшид. Дар он аъзоёни маҳфил бо қироати шеър, муаррифии асару зиндагонии адиб бо презентатсияҳо ва намоиши саҳнача баромад намуданд. Аъзои фаъоли маҳфил Шокиров Пайрав – донишҷӯйи курси 2 аз ашъори Мавлоно Румӣ то 12 ғазал аз худ намуда, ғазали шоирро бо забони туркӣ низ хонд. Дигар аъзоёни зерини маҳфил бо баромади хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Иштирокчии маҳфил Олимҷон Сайидов доир ба асари “Фиҳӣ мо фиҳӣ”-и Мавлоно Румӣ бо презентатсия баромад карда, маълумоти муфассалу ҷолиб дод. Ҷамшед Ҷалилов гуфторҳои олимони Шарқу Ғарбро доир ба шуҳрати Мавлоно гузориш дод. Оид ба “Девони кабир” ва ”Маснавии маънавӣ”, ки бисёртар дар ҷаҳон машҳур гаштааст, Шокиров Пайрав маълумот дода, роҳбари маҳфил Файзиева Ш. ба он бо ҳикоёт илова намуд. Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯён саҳначаҳо намоиш доданд, ки имрӯза шароиту масоилро дар бар гирифта, бо абёти Румӣ тавъам намуданд. Дар умум, маҳфили Мавлавихонӣ хеле хуб ва хотирмон гузашт.

Бояд гуфт, ки 2 нафар аъзои маҳфил Саломуддин Ғафуров ва Хусрав Олимзода бо навиштани шеър машғул буда, шеърҳояшон аз тарафи муаллима таҳрир ёфта, барои чоп тавсия дода шуд ва бо Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона ҳамкорӣ доранд. Ҳоло аъзоёни маҳфил барои гузаронидани озмуни Камолхонӣ омодагӣ доранд. Қобили зикр аст, ки аъзоёни маҳфил дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии донишкада фаъолона ширкат намуда, бо мақоланависӣ низ машғуланд. Пайрав Шокиров –донишҷӯйи соли дувуми гурӯҳи 40.01.01 та зиёда аз 300 китоби бадеӣ хонда, ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” тайёрӣ дида истодааст. Инчунин ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ низ омодагӣ дорад.

Масъулини маҳфил тасмим гирифтаанд, ки бо ҳамкории шуъбаи тарбия доир ба Ҳофизхонӣ, Саъдихонӣ, Бедилхонӣ ва ғайра чорабинии васеъро ташкил намояд. Дар ҳар дарси маҳфил ба ғайр аз мавзӯи баррасишаванда аз рӯйи тақсимот ҳар як аъзои маҳфил доир ба як китоби бадеии хондааш маълумот медиҳад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд