(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва беш аз 40 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ аз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба аҳли қалам таҷлили навбатии Рўзи матбуоти тоҷикро табрику муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рўзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири ғановати фазои итилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда комёбиҳои тоза орзу намуд.

Таъкид гардид, ки воқеан ҳам матбуот ва воситаи ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, воқеънигори зиндагӣ дар пешбурди ҳаёти ҷомеа, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки кормандони воситаҳои ахбори умум ин рисолати касбиашонро сарбаландона ва муваффақона адо карда меоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрўз дар саросари кишвар даҳҳо рўзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда, аҳли эҷод ва журналистон бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳанд, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд ва бо истифода аз нерўи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамоянд.

Шаҳрдор афзуд, ки баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нақша-чорабиниҳои аз 341 банд иборат таҳия гардида, тибқи он сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст. Дар маҷмўъ давоми солҳои 2018-2020 208 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 473 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷроиши 92,7 фоизи иншоотҳои ба нақша гирифташударо дар бар мегирад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар радифи корҳои ободонӣ рӯзноманигорон низ ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гуфт, ки таваҷҷуҳи хосса ва шинохту эътирофи рӯзноманигорон, баргузор намудани озмунҳои ҳавасмандӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нишони волои арҷгузорӣ ба фаъолияти аҳли қалам арзёбӣ мегардад. Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ғайр аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ, ҳамзамон ширкатҳои телевизион ва радиои мустақил, телевизионҳои ноқилӣ, оҷонсии иттилоотӣ фаъолият густурда дошта, дар пур кардани фазои иттилоотии шаҳр саҳмгузорӣ менамоянд. Ин худ гувоҳи он аст, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ барои фаъолияти хуби васоити ахбори омма шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ин яке аз нишондодҳои беҳтарин дар қаламрави мамлакат арзёбӣ мегардад.

Дар анҷоми суханронии худ Фирдавс Шарифзода таҷлили Рўзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рў овардан ба таърихи матбуотро ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерўи бузурги ҳидояткунандаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик унвон намуда, афзуд, ки васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рўзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд