(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.

Нахуст вакилон масъалаи якуми рўзнома «Дар бораи эътироф кардани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии “Тиллокон”, № 37-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рўи масъалаи мазкур раиси комиссияи шаҳрии интихобот Муҳайё Акмалхўҷаева иттилоъ дода шуд, ки дар маъракаи интихоботӣ 2549 нафар ширкат намуда, аз онҳо ба Фирдавс Шарифзода 2073 нафар ё худ 81, 3 фоиз райъи худро доданд. Ба тарафдории Ҷаъфар Шодиев 388 нафар ё худ 15, 2 фисади интихобкунандагон овоз доданд. Ба ҳамин тартиб дар ҳавзаи интихоботии «Тиллокон” №37 номзади ҲХДТ Фирдавс Шарифзода ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи Хуҷанд бо бартарии овозҳои зиёд ғолибият ба даст овард.

Сипас вакили тозаинтихоб Фирдавс Шарифзода баъди эътирофи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо дарки масъулият савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми нерў ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, ўҳдадории вакилии худро содиқона ва поквиҷдонона иҷро менамояд.

Ба самъи ҳозирин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2021, № 130 «Дар бораи ба вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин намудани Шарифзода Фирдавс»-ро ироа карда шуд.

Вакилони шаҳрӣ фармони мазкурро якдилона тасдиқ намуданд.

Сипас Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кори иҷлосия идома бахшида, таъкид дошт, ки ба Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бовариашон сидқан арзи сипос намуда, бовар мекунонам, ки барои таъмини рушди иҷтимоиёти мамлакат, пешбурди сиёсати оқилонаи Роҳбари Давлат дар тамоми самтҳои фаъолият ҳамаи донишу малака ва таҷрибаи дар мактаби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азхуднамудаашро, истифода хоҳад намуд.

Фирдавс Шарифзода ҳамзамон ба интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Тиллокон», № 37 ва аъзоёни комиссияи шаҳрии интихобот миннатдорӣ барои гузаронидани интихобот баён дошт.

Сипас рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 294 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин бора муовини Раиси шаҳр Фирўза Нуруллозода маълумоти муфассал дод.

Дар баррасии масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Хуросон, №29–Манучеҳра Кенҷазода ва аъзои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Ваҳдат, № 30– Собирҷон Собиров баромад намуданд.

Дар масъалаи чоруми рўзнома «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет» раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Нури Аҷам, №26 Муъмин Шарифзода баромад намуд.

Сипас вакилон «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Савр», №3 Моҳира Азимоваро оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ» баррасӣ намуданд.

Сипас оид ба масъалаи «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд» сармеъмори шаҳр Абдумубин Исоев баромад намуда, лоиҳаҳои пешниҳодшударо муаррифӣ кард.

Вакилон баъди қабули таъғиру иловаҳо тасдиқи онро зарур донистанд. Дар ҷараёни иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд баъди муҳокима тасдиқ гардиданд.

Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишудаи иҷлосия изҳори назар намуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба кори иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун дастури раҳнамо ва чароѓи ҳидоят пазируфта, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби оини давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ талош варзем. Ва чуноне ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат таъкид шуд: “Корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад”. Моро зарур аст, ки суханҳои илҳомбахши Пешвои миллатро, ки раҳкушои мо ба фардои дурахшон мебошанд, сармашқи фаъолият ва кору зиндагии худ қарор диҳем.

Мо бояд худамон фаъолу ташаббускору ташкилотчӣ бошем, нақши худро дар таҳкими рукнҳои давлатдорӣ софдилона иҷро намуда, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандўстона гузорем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, ҳама якҷоя бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо беҳтарин ҳадяҳои маънавӣ ва корномаҳои созанда истиқбол мегиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд