(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altНЕРӮЙИ КАЛАМ БУЗУРГ АСТ

Рӯзноманигорон ва собиқадорону кормандони соҳаи матбуот!

Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик бо самимияти хоса ва эҳтироми баланд аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаи соҳавию эҷодиатон ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Матбуот ва васоити ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб гардида, нақши он чун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона муосидат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Дар ин радиф рӯзноманигорону кормандони соҳаи матбуоти тоҷик ҷиҳати баёни афкори умум, тарбияи маънавии инсонҳо, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд. Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда истодаанд. Аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳад, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург мегузорад ва бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи матбуот, ин қабл аз ҳама эътирофу қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунандаи мардум ба сӯйи фардои пурсаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик маҳсуб меёбад.

Васоити ахбори омма ыувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, пуркунандаи фазои иттилоотӣ мебошад, ки бо ахбори тозаву созанда ҳамеша ҳамраҳу ҳамқадами ҷомеа хоҳад буд.

Бори дигар, Рӯзи матбуоти тоҷикро ба кулли кормандони нашрияву рӯзномаҳо, ноширону собиқадорони соҳа ва кулли алоқамандони матбуоти тоҷик таҳният гуфта, ба шумо, созандагони афкори умум, барору музаффариятҳо орзу менамоям.