(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» силсилаи чорабиниҳо пиёда карда мешаванд, ки ҳадафи он бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба илмҳои дақиқ ва рушди тафаккури техникии насли наврас мебошад, ки талаби замони имрўз гардидааст.

Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дарси кушоди намунавӣ аз тарафи омўзгории муассисаи таълимӣ Мунира Саъдуллоева аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» барои хонандагони синфи 9 гузаронида шуд. Мавзуъи дарс «Форматбандии санад дар HTML» буда, бо таҷҳизоти муосири таълим, аз ҷумла тахтаи электронӣ, компутер, барномаҳои электронӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ бо иштироки омўзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони шуъба маорифи шаҳр баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки иҷрои нақшаи тадбирҳои эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд элементҳои муосири идоракунии иттилоотӣ аз қабили, китобҳои электронӣ ва интерактивӣ, сомонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва барномаҳои махсус барои татбиқи таҳсилоти фосилавӣ рӯи кор омада, истифодаи самараноки техникаву технологияҳои муосири таълим дар раванди донишазхудкунӣ барои тарбияи наврасони ҷавобгў ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд