(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар чорабинии идонаи маорифчиёни шаҳр, ки дар муассисаи давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқат баргузор гардид, ширкат варзида бонувони соҳаи маорифро бо Рўзи модар табрику таҳният намуд.

Фирдавс Шарифзода зимни суханронии худ аз нақшу эътибор ва мақоми занон дар ҷомеа баён намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад. Аз ин лиҳоз, аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд. Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намоянд.

Шаҳрдор гуфт, ки имрўз бонувон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, ҳамчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президентим мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф бо ғамхорию таваҷҷӯҳи рўзафзуни Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода баланд бардоштани мақому манзалат ва мавқею мартабаи занону бонувон дар ҷомеа вусъати тоза гирифта, он ҳамарӯза дарку эҳсос мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ фаъолгардонии нақши занону бонувонро дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии шаҳр дар фаъолияти доимии хеш қарор дода, минбаъд низ баҳри фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Фирдавс Шарифзода дар анҷоми суханронии худ кулли собиқадорон ва бонувони соҳаи маорифро бо Рўзи модар табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу намуд.

Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба як қатор собиқадорон ва бонувони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дастагули меҳру муҳаббат иборат аз шеъру суруд ва таронаҳои сурурбахш табъи ҳозирнро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд