(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастур раҳнамоиҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо азми роҳбарият ва тамоми сокинони шаҳр иқдомҳои созандагӣ, силсилаи корҳои бунёдкорӣ сурат гирифта истодааст, то ин ки ҳамагон бо мақсаду мароми созанда ва ватандўстона бо обод намудани манзили зист, кўча ва шаҳри худ ин санаи таърихиро сазовор пешвоз бигиранд.

Аз ҷумла чунин корҳои ободонии чашмрас дар маҳаллаи Мевағули шаҳр ба мушоҳида мерасад, ки аллакай бисёр мавзеъҳои ин маҳаллаи таровати дигар ба худ гирифтааст.

Корҳои ободонӣ бахусус дар дохили хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-уми шаҳр вусъат гирифта, қадди роҳ, пайраҳаҳо ба низом дароварда шуда, то ба имрўз беш аз 30 адад хонаҳои баландошёнаи ин маҳалла аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳили рост» рангубор карда шуданд.

Дар партави ин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкории шаҳрдорӣ миёни хонаҳои баландошёнаи 17, 37, 38, ва 25-и микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд маҷмааи хизматрасонӣ бо тарҳи хос иборат аз чойхона, дорухона, сехи дӯзандагӣ, нонвойхона, майдончаи бозии футбол, мавзеъи бозии кӯдакона, ҷои истироҳати сокинони биноҳо, танӯрхона ва ошхона бунёд шуда истодааст, ки дар арафаи Наврӯзи байналмилали 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин ҷиҳати сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист дар ин микроноҳия беш аз 400 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи шинонида шуданд, ки ба муҳити атроф накҳати дигар мебахшад.

Сокинони микроноҳияи 13-ум аз ин иқдоми шаҳрдорӣ болида гашта, бунёд шудани маҷмааи хизматрасонӣ бо назардошти тамоми талаботи истикоматкунандагони биноҳои баландошёна, ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек ва амали хайри созандагии саривақтӣ медонанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд