(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кишвари Англия даври якуми Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика "IMAC - online" тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар ин Олимпиада 60 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёкат дар шахри Хучанд аз рӯи се категорияи синну солӣ иштирок намуданд.

Дар натичаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи "IMAC - online" кишвари Англия аз 60 нафар хонандагони Литсей 50 - нафарашон барои иштирок ба даври финалии олимпиада, ки 8 майи соли равон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар литсей барои хонандагони болаёкати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гуруҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 150 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати литсей дар 6 олимпиадаи сатхи чахони иштирок намуда, боз дар 4 озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономузӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Дар соли хониши 2020-2021 тибқи иттилоъи директори Литсей Сурайё Негматова толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия иштирок намуда, 39 медал – 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд