(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори бинои прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо ҳузури аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, кормандони мақомоти танзими замин, раисони кумитаи маҳаллаҳо, нозирони минтақавии милитсия, роҳбарони сохторҳои назоратии соҳаву бахшҳои шаҳрдорӣ, соҳибкорон ва дигар масъулини дахлдорҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи 1 Авазҷон Назарзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи вазъи қонунгузории замин ва меъморию шаҳрсозӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд тайи солҳои 2019 ва 2020 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода қабл аз баррасии мавзуъ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти худ бо кормандони мақомоти прокуратураи кишвар, ки 13 марти соли 2018 баргузор гардида буд, дар қатори дигар камбудиҳои дар ҷодаи фаъолият ҷойдошта, ҳамчунин дар мавриди вазъи ташвишовари риоя нагардидани талаботи қонунгузории замин ва шаҳрсозию меъморӣ махсус истода гузашта, бо овардани рақамҳои оморӣ ва мисолҳои мушаххас бори дигар таъкид намуданд, ки: “Мутаасифона роҳ додан ба қонунвайронкуниҳо ва содир намудани ҷиноятҳои категорияҳои гуногун дар ин самт аз тарафи шаҳрвандон ва ҳам аз тарафи шахсони масъули мақомоти дахлдори давлатӣ ҳанўз ҷой дошта, риояи ин қонунгузориҳо ба талаботи имрўза ҷавобгўй намебошад”.

Дар ҳамин замина аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини мақомоти прокуратураи кишвар ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастуру супоришҳои қатъӣ дода, дар хусуси ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии содир намудани қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дода шуда, рафти иҷрои ин дастуру супоришҳо зери назорати қатъӣ гирифта шуд.

Сипас, доир ба вазъи қонунгузории замин ва меъморию шаҳрсозӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд тайи солҳои 2019 - 2020 ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Толибҷон Ҳоҷиев маълумоти муфассал ироа намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки: “Таҳлилу ҷамъбаст ва мушоҳидаҳо собит намуданд, ки тайи солҳои охир аз тарафи мақомотиҳифзи ҳуқуқи шаҳр, аз ҷумла мақомоти прокуратура дар самти иҷрои қонунгузории замин ва шаҳрсозию меъморӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонида, теъдоди зиёди қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳо ошкор ва ба қайд гузошта шуданд. Ҳамчунин, дар самти пешгирии он низ тадбирҳои судманд андешида шуда, аз тарафи мақомоти судӣ теъдоди зиёди санадҳои судӣ бароварда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин раванд аз тарафи худи кумитаҳои идораи замин, сармеъмор ва дигар мақомоти давлатии дахлдор ҳолати зиёди қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дигар чораҳои зарурии дар қонун пешбинигардида аз рўйи салоҳият ба анҷом расонида шудааст.

Боиси шарафмандист, ки тайи солҳои охир симои шаҳри Хуҷанди бостонӣ куллан дигаргун гардида, он ободу зебо ва дилкаш шудааст, ки аз меҳнати шабонарўзии роҳбарияти шаҳр, кормандони масъули шаҳрдорӣ, фаъолон, ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорони ватандўст ва сокинони ободкор бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва шукргузориашон аз фазои амну осоиштагӣ шаҳодат медиҳад.

Толибҷон Ҳоҷиев, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд афзуд, ки таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар қатори корҳои муваффақи зиёди анҷомёфта, камбудиҳои ҷиддӣ дар самти иҷрои қонунгузории замин ва шаҳрсозию меъморӣ дар фаъолияти масъулини соҳа ҷой дошта, он боиси ташвиш гардида истодааст. Дар сурати сари вақт наандешидани чораҳои таъҷилии пешгирикунанда ва минбаъд бо чунин суръати баланд идома додани амалҳои ғайриқонунӣ дар мавриди истифодаи замин ва ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ он дар ояндаи наздик ба мушкилоти ҷиддӣ мубаддал хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самаранокии онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ё худ ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда шавад”.

Сипас, дар муҳокимаи масъала ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд Носирҷон Оқилзода баромад намуда, доир ба омилҳои пайдоиш ва камбудию қонуншиканиҳо дар самти қонунгузории замин, меъморию шаҳрсозӣ, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мавриди амалӣ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №603, аз 11.11.2010 сол “Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин” қайд намуда, диққати асосиро хилофи талаботи Кодекси манзил ва таҳлили шароити зисти шаҳрвандон ба навбати эҳтиёҷмандони гирифтани қитъаи замин дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ғайриқонунӣ ворид намудани сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо равона кард.

Инчунин, ба вайронкунии талаботи қонунгузории ҷорӣ дар фаъолияти комиссияи манзили назди МИҲД-ии шаҳри Хуҷанд ошкоргардида изҳори назар намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода аз масъулини мақомоти танзими замин, аз ҷумла кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, сармеъмор, шуъбаи манзил ва дигарон пурсиш ба амал оварда, дар фаъолияти минбаъдаашон ҷиҳати риояи бечунучарои қонунгузории замин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ба роҳбарони ШБДА, бахши ҳолатҳои фавқуллода ва дигар масъулини шаҳрдорӣ дастур дода шуд, ки ҳангоми додани хулоса ва маълумотномаҳои марбут ба истифодаи заминҷиҳати қонунии он эътибор зоҳир карда шавад то ин, ки он боиси қонуншиканӣ, зарар ва сарсонии шаҳрвандон нагардад.

Аз фаъолияти сусти раисони кумитаи маҳаллаҳо ва нозирони минтақавии милитсия дар самти пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои марбут ба қонунгузории замин, бахусус дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, аз ҷумла прокуратура изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар ин самт фаъолият беҳбудиро мехоҳа ва ҳар як амале ки боиси вайроншавии Кодексҳои замин ва шаҳрсозӣ мегардад, тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Зеро пешгирии ҷиноят, қабл аз содиршавии он ба манфиати ҷомеа аст. Ё худ мо бояд ба насли оянда мулки обод ва шароити арзандаро мерос гузорем.

Прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи 1 Авазҷон Назарзода аз фаъолияти назарраси соҳибкорон ва ширкатҳои сохтмонӣ дар самти ободонии шаҳр ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд шудани биноҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон аз эшон даъват ба амал овард, ки сохтмонҳои хешро дар доираи қонунгузории кишвар, мутобиқ ба нақшаи генералӣ ва қарорҳои тасдиқгардидаи шаҳрдорӣ бунёд намуда, бо пиёда сохтани манфиатҳои кўчаки хеш ҳаргиз ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Давлату Ҳукумати мамлакат барои соҳибкорон имтиёзоти зиёдеро муайян ва муқаррар намудааст, вале аз он набояд сўйистифода кард, бо дасту дили пок ва бо сифати баланд корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба хостаҳои имрўзаи замони муосир, бо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон бо ташкили инфрасохтори зарурӣ бунёд намоянд ва иншооти сохташуда солҳои зиёд дар хизмати мардум қарор гирад.

Ба масъулини комиссияҳои манзил ва бақайдгирии молу мулк дастур дода шуд, ки ба фаъолияти хеш ҷиддӣ муносибат намуда, дар самти баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ба рўйихатгирии шахсони воқеан ҳам эҳтиёҷманди қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ эътибори махсус зоҳир намоянд. Аз амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ парҳез кунанд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамаҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, раиси Шўро прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи 1 Авазҷон Назарзода баҳри тақвият бахшидан ба фаъолият ҷиҳати пешгирӣ ва ошкорсозии қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин ва шаҳрсозӣ, ба масъулини дахлдор ва роҳбарони мақомоти танзими замин дастуру супоришҳои қатъӣ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар сурати набаровардани хулосаҳои зарурӣ, қатъ накардани амалҳои зиддиҳуқуқӣ, аз тарафи масъулини соҳа, шаҳрвандон, ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон ва наандешидани чораҳои пешгирикунанда он дар ояндаи наздик мушкилоти ҷиддиро пеш хоҳад овард ва мақомоти прокуратураи шаҳр дар ин самт қарорҳои дахлдори хешро қабул хоҳад намуд.

Таъкид гардид, ки ҳамагон дар остонаи истиқболи ҷашни умумимиллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо амри дил, бо ҳисси баланди ватандўстӣ, ин санаи муқаддаси таърихиро бо сари баланд ва дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ба ҷаласаи Шӯрои ҳамаҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд