(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баъди иштирок дар ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, бо иқдоми худ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Хуҷанд тақвият бахшид.

Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ якчанд бех ниҳолҳои санавбари қримӣ шинониданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ то ба имрўз дар қаламрави шаҳри Хуҷанд беш аз 2700 бех ниҳолгуногнуи гуногуни ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд