(0 овоз, миёна 0 аз 5)

300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ баҳри фардои дурахшонДар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришу вазифагузории Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов оид ба эълон доштани 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Мутобиқ ба он дар шаҳри Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд маҳсуб мешавад, корҳои ободониву бунёдкорӣ оғоз гардидаву бо маром идома доранд.

Шанбеи гузашта, санаи 26-уми январ, аз субҳи барвақт садҳо нафар шаҳрвандон бо ҳадафи гузаронидани шанбегӣ

ба корхонаву ташкилот ва идораву муассисаҳо ҳозир шуда, баҳри тозаву обод ва кабудизоркунии диёр саҳми назарраси хешро гузоштанд.

Бахусус, устодону толибилмони омӯзишгоҳу литсейҳои касбию техникии шаҳр, ҷавонони фаъолу варзишгар Боғи Ғалабаро (поёни маҳаллаи 18-ум), ки имсол чун идгоҳи асосии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳр интихоб гардидааст, аз партов тоза намуданд. Як сӯ шанбегӣ вусъат мегирифту сӯи дигар аз ҷониби сохтмончиён кори сохтмонӣ ҷӯш мезад. Ҳамзамон, шинондани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва сояафкан ба роҳ монда шуд. Донишкадаву донишгоҳҳо ба минтақаҳои боғ вобаста карда шуда, роҳбарон муваззаф гардиданд, ки то ҷашни Наврӯз барои тозаву обод намудани гирду атроф якҷоя бо устодону донишҷӯён саҳм гузоранд.

Корҳои ободониву сабзкунӣ ва ниҳолшинонӣ ҳамзамон дар майдони назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Боғи «Дӯстии халқҳо» ва тамоми муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ, минтақаҳои ба истифодадиҳии манзили соҳили рост ва ҳам худи сокинон ба сомон расонида шуданд.

Ҳамин тавр, давоми рӯз дар натиҷаи тоза кардани майдону ҷӯйборҳо 570 метри мукааб партов бардошта ва 1,5 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шуданд.

Дар майдони байни роҳҳои мошингарди маҳаллаҳои 33-юм ва 34-уми шаҳр бошад, барои минбаъд кабудизоркуниву гулшинонӣ 40 мошини боркашон хоки тоза оварда, рехта шуд.

Минбаъд рӯзи шанбеи ҳар ҳафта гузаронидани чунин шанбегиву корҳои ободониву кабудизоркунӣ ба роҳ монда мешаванд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов ситоди доимоамалкунандаи шаҳрӣ ташкил карда шудааст, ки аз 29 нафар аъзо иборат буда, дар самаранок гузаронидани маъракаи ободониву бунёдкорӣ муваззаф гардидаанд. Ситодро Раиси шаҳр роҳбарӣ намуда, ба он муовинони Раиси шаҳр ва тамоми мудирону сарварони шӯъбаву бахшҳо ва сохторҳои МИҲД-и шаҳр шомиланд.

Бовар дорем, ки маъракаи «300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ» ба корҳои ободонию кабудизоркунии кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр вусъати тоза бахшида, ба фардои дурахшони Ватан мусоидат менамояд.