(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамасола дар Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъана ва суннатҳои ниёгон бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симпозиум, фестивал ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар доираи онҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа расму оин, анъанаҳои гузаштагон ва маҳсули дастии ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Яке аз чорабиниҳое, ки миёни омма ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд, ин баргузории фестивал – озмуни “Чакомаи гесӯ” мебошад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади татбиқи амалии қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй озмуни “Чакомаи гесу” байни донишҷӯёни чор факултет баргузор гардид.

Дар он донишҷӯён аз рӯи шартҳои “Намоиши гесӯи дароз” ва “Ороиш ва мӯйбофии замони муосир” бо ҳам вориди рақобат шуданд. Бо хулосабардории ҳайати ҳакамон дар бахши “Намоиши гесӯи дароз” Рисолатбону Маҳмудова, донишҷӯи курси якуми факултети информатика ва энергетика ҷойи аввалро соҳиб гардид. Зинаҳои баъдиро Мижгона Комилова, донишҷӯи курси якуми факултети информатика ва энергетика ва Навбаҳор Худойназарова, донишҷӯи курси сеюми факултети информатика ва энергетика ишғол намуданд.

Дар бахши “Ороиш ва мӯйбофии замони муосир” ҷои аввалро Севара Қодирова, донишҷӯи курси якуми факултети информатика ва энергетика, мақоми дуюму сеюмро Фарзона Фазлиддинзода, донишҷӯи курси якуми факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ ва Зӯҳро Муротова, донишҷӯи курси якуми факултети информатика ва энергетика ишғол намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён изҳори сипос намуда, зикр дошт, ки фестивали «Чакомаи гесӯ» аз ҷумлаи ин барномаҳост, ки бо мақсади бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ дар замири занон дар мамлакат баргузор мегардад. Яъне, ҳадафи асосии он на танҳо доштани гесӯвони дароз, балки баланд бардоштани завқи бонувон нисбат ба фарҳанги либоспӯшӣ, дур будан аз бегонапарстиву хурофот ва пос доштани арзишҳои миллӣ мебошад.

Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят Зуфнуна Хоҷаева ба ҳунару маҳорати донишҷӯдухтарон баҳои баланд дода, қайд кард, ки озмун барои сарҷамъӣ, талқини зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ заминаи мустаҳакам мегузорад.

Чорабинии фарҳангӣ фестивалро рангу мазмуни дигар бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд