(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРӯзҳои шанбе, якшанбе ва душанбе, яъне санаҳои 20, 21, 22.02.2021 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар назди майдони Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида мешавад.

Интизор меравад, ки дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинон мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд