(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар толори КВДК «Хуҷандобуканал” дар партави нишондодҳо ва шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти кормандони муассиса бо устодони донишгоҳҳои олии маркази вилоят баргузор гардид.

Носир Ғафурзода, директори генералии КВДК “Хуҷандобуканал” вохӯриро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар қатори дигар сокинони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони иншооти обрасонии шаҳр ҳамовозии зиёд пайдо намуд. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи шаҳрдорӣ бо ҳузури устодони донишгоҳҳо вохӯрии мазкур сурат гирифта истодааст.

Сипас, Абдулатиф Раҳимов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДДҲБСТ доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат, ки Паёми Пешвои миллат зикр гардидаанд, маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид. Қобили зикр аст, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд.

Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6 фоиз зиёд мебошад.

Роҳбари Давлат дар баробари муваффақиятҳо ҳамзамон аз нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайраҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини далдор ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф кардани ин мушкилот дастур супоришҳо доданд.

Ҳамзамон Бонки миллӣ муваззаф гардонида шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи ойинномавии онҳоро таъмин намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Танҳо дар соли 2020–ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст. Аз соли 2013 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Сипас, устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Сардор Ғуломнабиев ва устоди коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Қутфулло Зикруллоев доир ба самтҳои дигари Паёми Пешвои миллат ба аҳли ҳозирин иттилои бештар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд