(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки шахсони боэътимоди номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Тиллокон, №37 бар ивази вакили хориҷгардида бо интихобкунандагон мулоқот баргузор гардид.

Хайрулло Нурматов, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Тиллокон, №37 вохӯриро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии Тиллокон, №37 интихобот баргузор мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда, ки санаи 21 феврали соли 2021 баргузор мегардад, аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Конференсияи ғайринавбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2021 номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Тиллокон, №37 Фирдавс Шарифзода-иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардид.

Ҳамчунин номзадии Ҷаъфар Шодиев, сардори шуъбаи молия ва иқтисодиёти филиали № 23 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд худпешбарӣ шуд, ки аз тарафи ҳавзаи интихоботӣ ин номзадҳо ба қайд гирифта шуданд.

Сипас, шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода - Абдуҳаким Шарифов, Наим Маликисломӣ ва шахси боэътимоди номзади худпешбар ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Ҷаъфар Шодиев – Абдунабӣ Набиев ҳозиринро бо тарҷумаи ҳол ва барномаи пешазинтихоботиии номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд шинос намуданд.

Хайрулло Нурматов, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Тиллокон, №37 вохӯриро ҳусни анҷом бахшида, таъкид намуд, ки то рӯзи баргузории интихобот шахсони бовариноки номзад ба вакилӣ метавонанд ба тарафдории номзадҳои худ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пиёда созанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд