(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи хурди Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки занони фаъоли шаҳр дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши занон таҳти унвони: “Раҳнамои мо – Паёми Пешвои миллат!” баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида аз ҷумла таъкид дошт, ки санаи 26 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии хешро ироа намудаанд, ки басо пурмўҳтаво ва таҳлилӣ буд. Дар Паёми навбати худ Пешвои муаззами миллат баён намуданд, ки сиёсати иҷтимои давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа ва минбаъд низ ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Саҳми назарраси занону бонувон дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷумҳурӣ дар Паёми имсола низ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлати қарор гирифт. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид.

Сипас, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Набизода, декани факултаи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Мунира Акмолова, табиби амрози занонаи таввалудхонаи шаҳрӣ Фаридаи Акрамалӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, шоир Гулноз Тоҳириён ва дигарон роҷеъ ба муҳтавои Паёми Пешвоим миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро баён доштанд.

Таъкид гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар анҷоми ҳамоиши Муроҷиатномаи занону модарони шаҳри Хуҷанд ба кулли бонувони Тоҷикистон қироат карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд