(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо садо додани Суруди миллӣ дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳр мулоқоти муовини якуми Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода бо ҷавонони фаъолу пешқадами шаҳри Хуҷанд дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ оғоз гардид.

Ризо Назарзода, муовини якуми Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз дошт, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва дар корҳои созандагию ободкорӣ фаъолона ширкат кардани ҷавонон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки зина ба зина иҷро кардани онҳо метавонад ҷавононро ба қувваи пуриқтидори ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон табдил диҳад.

Тавре, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, : «Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нӯҳ баробар зиёд гардидааст. Танҳо соли 2020, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис дода шуд, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд.

Минбаъд низ аз ҷониби Давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Ризо Назарзода, муовини якуми Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид дошт, ки мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд