(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Комиссариати ҳарбии шаҳр бахшида 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ як қатор собиқадорони Артиши миллӣ, оилаҳои фавтидагони барқароркунандагони сохти конститутсионии мамлакат ва хизматчиёни ҳарбӣ аёдат карда шуданд.

Қурбоналӣ Сулмонзода, комисари ҳарбии шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат бо аёдатшудагон, аз ҷумла Амон Абдуғаниев ва пайвандони шаҳидони барқарркунандагони сохти конститутсионии мамлакат Одил Калонов ва Шокир Бобоҷонов изҳор дошт, ки хизматчиёни ҳарбӣ барои ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориашон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва умуман, таъмини волоияти қонун ҳамеша дар мадди назари Давлату Ҳукумат қарор дорад.

Таъкид гардид, ки садоқат ба Ватан, хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳушёриву зиракӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар вазифаи асосии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ ба ҳисоб рафта, имрўз ин ҳама зери таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд