(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин баён доштанд: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад".

Дар МТМУ 3- и ба номи Маҳастии Хуҷандӣ тибқи нақшаи шуъбаи маорифи шаҳр дарси кушоди намунавии шаҳрӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ аз тарафи омўзгори пуртаҷриба Шаҳодат Алиева бо хонандагони синфи 7"а" бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омузиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф, Маркази технологияи иттилоотӣ ва дигар омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Дарси кушод бо маҳорати баланд ва иҷрои рукнҳои муҳими машғулият ва фаъолнокии хонандагон сурат гирифт. Дар ҷараёни таълим аз роҳу василаҳои муосири омўзиш самаранок истифода бурда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои зарурӣ татбиқ гардида истодаанд.

Ҳамаи тадбирҳо андешидашуда имкон медиҳад, ки сатҳу сифати омӯзиши фанҳои таълимӣ, бахусус табиӣ-риёзӣ дар зинаҳои таҳсилот баланд гардида, баҳри омода гардидани хонандагони фаъолу аълохон мусоидат намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд