(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади беҳтар кардани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ дар Паёми соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

Ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд силсилаи тадбирҳо пиёда карда шуданд. Аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд беш аз 100 адад кабинетҳои фаннӣ, аз қабили кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ бо аспобҳои таълимӣ пурра таҷҳизонида шуданд.

Бо ҳадафи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар соли таҳсили 2020-2021 дар макотиби шаҳр силсилаи дарсҳои намунавӣ роҳандозӣ гардидааст, ки он дар вуҷуди хонандагон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, ки муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназарро пешбинӣ намудааст.

Дар литсейи физикӣ математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дарсҳои кушоди омузгорон Замира Турдибоева, Манзура Усмонова, Нигора Ҷўраева, Сироҷиддин Низомиддинов аз фанҳои математика ва физика дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуданд.

Зимни баргузории машғулиятҳо ба парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат аҳамияти ҷиддӣ дода шудава, аз васоити муосири техникӣ фаровон истифода бурда шуданд.

Зимни таҳлили дарсҳои номбурда аз ҷониби маъмурияти муассисаи таълимии номбурда ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дода, ҷиҳати баргузор намудани чунин дарсҳои намунавӣ дастурҳо дода шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд