(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади арҷгузорӣ ба идҳои миллӣ ва эҳёю муаррифии он дар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд чорабинии тарбиявӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Ҷашни Сада мулки номдор аст» баргузор гардид.

Хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо шеъру суруд ва гуфторҳо оид ба таърихи Сада, ҳикмати таҷлили он ва ҳадафи эҳёи ин иди ниёгон маълумоти муфассал доданд.

Бо баробари омадани Иди Сада оғози кишту кори деҳконронро амалан нишон доданд.

Таъкид гардид, ки Сада аз зумраи ҷашнҳои миллии мо буда, асосан ба кишоварзон рабт дорад, зеро марди деҳқон бо таҷлили ин иди ниёгон ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинад ва шаш сол аст, ки он дар саросари кишвар баргузор карда мешавад.

Сада бо фазилатҳои некаш аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад. Ин ид, ки дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд, дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он аз нав эҳё гардид ва халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.

Дар чорабинӣ маъмурияти муассиса, омўзгорон ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд доданд. Зикр гардид, ки чанде қабл дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии Қасри Арбоб, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Сада бошукуҳ таҷлил карда шуд ва Пешвои муаззами миллат баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд