(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешви миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода ва сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳҳобов бо устодону шогирдони донишкада баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини директори донишкада оид ба тарбия Зариф Довудов оғоз ёфт. Номбурда Паёми Сарвари давлатро роҳнамои фаъолияти устодон ва шогирдони донишкада унвон карда, зикр намуд, ки ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз барномаи амал минбаъ қарор мегирад.

Дар баромади Осим Каримзода ҳама самтҳои Паём мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Номбурда махсусан аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбати мактабу маориф ёдовар шуда, таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат наздики ба 3,5 ҳазор муассисаҳои таълимӣ арзи ҳастӣ намуда, шумораи муассисаҳои олӣ аз 13 адад ба 42 адад расонида шуд. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ теъдоди донишҷӯён ҳамаги 42 ҳазор нафар бошад, пас ин рақам ба 240 ҳазор нафар расонида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани шавқ ва завқи хонандагону донишҷӯён ба илмҳои дақиқ дар қатори озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” озмуни дигар “Илм фурӯғи маърифат” созмон дода шуд, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон мусоидат мекунад. Дар идомаи вохӯрӣ Осим Каримзода бо мисолҳои возеҳ ба таълимоти ғайрирасмӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон, гумроҳона ба ифротгароӣ шомил шудани ин қишри ҷомеа изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки бояд ҷомеа, хосса донишҷӯён ҳамсолони худро ба зиндагии ростин ҳидоят намоянд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов зимни маърӯзаи худ аз иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар мавриди дастгирии соҳибкории хурду миёна, кишоварзон ва нафарони имконияташон маҳдуд ҳарф зада, ҷойгоҳи занон ва ҷавонро дар ҷомеа нек арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом Зариф Довудов аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз имконияти мавҷуда истифода бурда, дар озун фаъолона ширкат варзанд. Зеро навоварон дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат шоиста қадрдонӣ мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд