(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати шарҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ироа шуд, ҷамъомад баргузор гардид.

Саодат Аминҷонова, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд роҷеъ ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки вобаста ба соҳаи тандурустӣ, бахусус вазъи бемории короновирус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки :“Соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба дигар самтҳои Паём низ мавриди барасӣ қарор дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд