(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Маркази микроҷарроҳии лазерии чашм бо номи «Босира» ифтитоҳ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» бо иқдоми ватандўстонаи соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматов бо харҷи беш аз 400 000 доллари амрикорӣ бо харидории беш аз 20 таҷҳизоти муосири тиббӣ ташкил карда шудааст.

Маркази микроҷарроҳии лазерии чашм бо номи «Босира» дорои якчанд утоқҳои хизматрасонӣ буда, аз ҷумла ду ҳуҷраи амалиётгузаронӣ ва ташхисгоҳи муосир мебошад. Бо баробари баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази мазкур 15 нафар шаҳрвандон, ки аксарият ҷавонон мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин карда шуданд. Технологияи муосири Марказ асосан аз кишварҳои Аврупо ворид гардида, табибони соҳаи ҷарроҳҳии чашм таҷрибаи истифодаи онро дар хориҷа омўхтаанд. Таъкид шуд, ки бархе таҷҳизоти воридшуда, назираш дар Тоҷикистон ва минтақа нест.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми шоёни соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматовро намунаи олӣ барои пайравӣ ба дигар соҳибкорон унвон намуда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти хосса медиҳанд.  Раванди афзоиши беморхонаҳои хусусӣ, воридсозии техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили компютерҳои томографӣ ва магнитию резонансӣ, лазерҳои гуногунҷабҳа, таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва болоравии сифати корҳои ташхису табобат дар онҳо низ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд