(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба Иди Сада таҳти унвони «Ҷашни Сада-ҷашни муждагонӣ» баргузор гардид.

Хонандагон бо шеъру суруд ва гуфтору саҳначаҳои ҷолиб доир ба хусусият ва фарҳанги иди Сада маълумот доданд.

Таъкид шуд, ки маҳз дар замони соҳибистқиқлолии кишвар ва бо ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бузургу бостонии мардуми тоҷик, ба монанди Сада, Меҳргон ва Наврӯз дубора мавқею манзалат пайдо намуданд.

Барои деҳқонони тоҷик фарорасии Сада фурсате буд, ки деҳқонон тухмиҳоро барои кишт тайёр карда мемонданд. Ҷашни Сада иртиботи қавӣ бо табиат, бо кору бори деҳқонон дорад ва пайванди он ба ин ё он дин ба назар намерасад.

Бо шукўҳу шаҳомат ҷашн гирифта шудани ҷашнҳои номбурда дар Тоҷикистон боз аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати мо ба фарҳангу арзишҳои маънавии худ таваҷҷуҳи бекарон дорад. Акнун ҳамаи моро зарур аст, ки дар муаррифии ҷашнҳои Сада ва Меҳргон дар муҳити оила, дар байни ҳаммаҳаллаҳо, дар байни сайёҳони хориҷӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, маъмурияти мактаб ва хонандагону омӯзгорон иштирок намуда, ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Бояд қайд намуд, ки бахшида ба Иди Сада дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд