(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонии 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳудуди Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифови шаҳри Хуҷанд беш аз 150 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва нодир шинонида шуданд.

Дар ин рўз ниҳолҳои каштан, санавбар, ёси ҳиндӣ, сўзанбарг, арча ва ғайраҳо шинонида шуданд, ки барои сояафканӣ ва истироҳати доимиии беморон ва кормандони муассисаи тиббӣ шароит фароҳам меорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мутахасисон тавсия медиҳанд, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон лозим аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохтори ободониро ба боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд