(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади фароҳам овардани истироҳату фароғат барои шаҳрвандон ва обод намудани як гўшаи сераҳолии шаҳри Хуҷанд Майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945 мавриди азнавсозӣ қарор мегирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо лоиҳаҳои тахиягардида дар самти корҳои ободонӣ ва шукуҳи нав бахшидан ба қисматҳои алоҳидаи ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ солҳои 1941-1945-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр шинос гардиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти пешниҳодшуда, таъкид намуд, ки вобаста ба эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» солҳои 2019-2021 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд бояд симои нав ба бар намояд. Амалӣ шудани иқдоми мазкур бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ шаҳри бостонии Хуҷандро ба «Тирози ҷаҳон»-и воқеъӣ мубаддал хоҳад гардонд.

Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ бо такмили лоиҳа бо назардошти васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии атроф, зеббахшии биноҳои баландошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ, кабудизоркунии муҳити атроф ва ғайраҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Роҳбарияти вилояти Суғд тайи солҳои охир симои шаҳри Хуҷанд дигаргун шуда, дар ояндаи наздик низ бо заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси ин шаҳри куҳан амалҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза касб хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд